Сентябр 06, 2020 17:00 Asia/Dushanbe
  • Талоши Узбакистон барои касби «вазъияти нозир» дар Иттиҳодияи АвруОсиё

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дархости Узбакистон барои гирифтани «вазъияти нозир» дар Иттиҳодияи АвруОсиё-ро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Тошканд, Шавкат Мирзиёев- раиси ҷумҳури Узбакистон рӯзи шанбе дархости кишвараш барои гирифтани вазъияти нозирро ба Александр Лукашенко- раиси ҷумҳури Беларус ирсол кард. Вазъияти нозир дар Иттиҳодияи АвруОсиё ба Тошканд иҷоза медиҳад то дар ҷаласаҳои ин иттиҳодия ширкат кунад.

Дар ҳоли ҳозир тиҷорати хориҷии Узбакистон бо АвруОсиё беш аз 30 дарсад аст, ки бештарин ҳаҷми ин тиҷоратро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад.

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар соли 2014 миёни кишварҳои Русия, Беларус ва Қазоқистон мунъақид сипас кишварҳои Арманистон ва Қирғизистон низ ба узвияти он даромаданд. Тасҳили тиҷорат, эҷоди бозори муштарак дар ҳавзаи кишварҳои мустақили ҳамсуди узв, ҳазфи тадриҷии қавонини гумрукӣ дар дохили иттиҳодия, барқарории таърафаи хориҷии муштарак дар миёни кишварҳои узв ва ҳамоҳангсозии ташрифоти гумрукӣ аз аҳдофи ташкили ин иттиҳодия аст.