Сентябр 08, 2020 13:11 Asia/Dushanbe
  • Роҳи оҳани Қазоқистон, Туркманистон, Эрон; намоди дӯстии минтақаӣ

Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон роҳи оҳани «Қазоқистон-Туркманистон-Эрон»-ро намоди дӯстии се кишвари минтақа ва фурсати ҷадиде барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои байналмиллалӣ донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар баёнияе эълом кард: Аз назари роҳбурдӣ ин хатти райлӣ барои эҳёи ҷодаи бузурги Абрешим, тавсеаи тиҷорати мутақобил байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаи Хазар аз аҳамияти чашмгире бархурдор аст ва шимолро ба ҷануб ва шарқро ба ғарб васл мекунад.

Сохти роҳи оҳан байни «Қазоқистон-Туркманистон-Эрон» дар соли 2009 оғоз ва дар соли 2014 бо ҳузури раисони ҷумҳури Қазоқистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ шуд.

 

Барчасп