Октябр 10, 2016 10:38 Asia/Dushanbe
  • Поёни сохти бахши туркманистонии роҳи оҳани минтақа ба зудӣ

Ширкатҳои туркманистонӣ, бахши роҳи оҳани минтақаии ин кишвар бо Афғонистон ва Тоҷикистонро дар моҳи ноябр ба поён мерасонанд.

Ба иттилои сайти иттилоърасонии раёсатҷумҳурии Туркманистон, рейлгузорӣ дар масири Атамурод-Имом Назар то марзи Афғонистон ба тӯли 88 километр дар моҳи ноябр ба поён хоҳад расид.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ахиран дар нишасти ҳайъати давлати ин кишвар гуфтааст, ки ин масири ҷадид заминаи иттисоли шабакаи роҳи оҳани кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба Аврупоро фароҳам хоҳад кард .

Сохти ин роҳи оҳан дар моҳи июли соли 2013 бо ҳузури руасои ҷумҳурии Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз шуд ва тибқи барнома қарор буд, соли 2018 ба баҳрабардорӣ бирасад .

Бо ин ҳол сохти ин роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон ва Тоҷикистон бадалоили амниятӣ, набуд манобеи молӣ ва ихтилофи Ишқобод ва Душанбе бар сари минтақаи иттисоли рейлӣ оғоз нашудааст .

Ин роҳи оҳан бояд бо убур аз шаҳрҳои Мазори Шариф ва Қундузи офғонстон аз тариқи бандари Шерхон ба вилояти Хатлони Тоҷикистон муттасил шавад .

Дар сурати иҷрои ин тарҳ имкони ҳаракати қаторҳо миёни Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон бидуни ниёз ба қаламрави Узбакистон фароҳам хоҳад шуд .