Сентябр 27, 2020 10:15 Asia/Dushanbe
  • Дахолати ниҳодҳои ғарбӣ дар интихоботи порлумонии Қирғизистон

Маркази расади раванди интихоботи порлумонии Қирғизистон эълом кард, бархе созмонҳои ғарбӣ ва амрикоӣ дар умури дохилии ин кишвар мудохила мекунанд.

Ба гузориши Форс, Турсунбек Охун, мудири маркази мониторинг« Кличкӣ жол», ки раванди интихоботи порлумонии Қирғизистонро расад мекунад, иқдомоти бархе ниҳодҳои амрикоӣ ва ғарбӣ дар интихоботи порлумониро мудохилаҷӯёна ва нақзи қонуни асосии ин кишвар донист.

Ба гуфтаи Турсунбек Охун назарсанҷии иҷтимоии ширкати таҳқиқ ва мушовираи байналмилалии ( SIAR Research and Consulting) бо ҳимояти созмони USAID ва Бунёди иҷтимоии «кори муштарак» дар Қирғизистон нишон медиҳад, ин ниҳодҳо бо ҳимоятҳои чандмиллиондолларӣ аз бархе созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин кишвари саъй дар эҷоди бесуботӣ дар ҷомеъа доранд.

Ин мақоми қирғиз афзуд, онҳо ба таври сунъӣ рутбаи аҳзоби хосеро боло бурда ва амдан мавозеъи соири аҳзобро дастикам мегиранд то афкори умумиро таҳти таъсир қарор диҳанд.

Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон қарор аст 4 октябр барои як давраи 5 сола бо рақобати 29 ҳизби сиёсӣ баргузор шавад.

 

Барчасп