Рӯнамоӣ аз "Қиссаҳои ширини Маснавӣ" дар Кобул
Октябр 01, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
Маҷмӯаи китобҳои қиссаҳои ширини маснавӣ барои кӯдакон ва наврасон дар як маросими вижа дар Кобул бо иштироки омӯзгорон ва мутафаккирони афғон рӯнамоӣ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, ин маҷмӯаи осор, теъдоде аз ҳикоятҳои маснавии Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхиро ба забони содда барои кӯдакон баён кардааст .
Маснавии Маънавӣ ва Девони Шамс аз машҳуртарин осори Мавлавӣ аст, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад .
Мавлоно дар соли 604 ҳиҷрии қамарӣ дар Балх, ки дар хоки Афғонистони имрӯзӣ аст ба дунё омад ва дар соли 672 ҳиҷрии қамарӣ дар Қуния дар Туркияи кунунӣ даргузашт ва ба хок супурда шуд .