Октябр 03, 2020 19:34 Asia/Dushanbe
  • 13 кушта бар асари инфиҷори террористӣ дар Афғонистон

Дасти кам 13 нафар бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар вилояти Нангаҳор дар шарқи Афғонистон, кушта шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо  ва Симои Эрон, Атоуллоҳ Хогиёнӣ сухангӯи  устондори Нангаҳор гуфт қабл аз зуҳри рӯзи шанбе бар асари инфиҷори мошини бомбгузоришуда дар наздикии сохтмони фармондории шаҳристони Шинвари ин вилоят, 13 нафар  кушта ва дастикам  40 нафари дигар  ҳам захмӣ шуданд .
Бархе манобеи афғонӣ шумори куштаҳои ин инфиҷорро 18 нафар эълом карданд .
То кунун шахс ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда нагирифтааст .
Ин инфиҷори террористӣ дар шароите рух дод, ки музокироти сулҳи байни давлати Кобул ва гурӯҳи Толибон дар Дуҳаи Қатар ба манзури поёни ҷанг ва даргирӣ дар Афғонистон дар ҳоли баргузорӣ аст .

Барчасп