Октябр 11, 2016 18:10 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти террористӣ дар Қазоқистон хунсо шуд

Маъмурони амниятии Қазоқистон аъзои як гурӯҳи террористиро дастгир карданд, ки қасди анҷоми амалиёт дар ин кишвар доштанд.

Ба иттилои Ирно, Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон эълом кард: Се узви як гурӯҳи террористӣ дар шаҳри Алмаато боздошт шуданд ва аз онҳо аҷзои бомби дастсоз ба ҳамроҳи дастури сохт, чигунагии анҷоми амалиёти террористӣ ва ҳамчунин шуморе нашриёт ва китобҳои таблиғии ифротгароӣ кашф шуд .

Дар гузориши Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба ҳуввият ва миллияти боздоштшудагон ва ҳамчунин вобастагии гурӯҳии онон ишорае нашудааст .

Аз ҳудуди шаш сол қабл, ки гурӯҳи кишварҳои ғарбӣ-арабии зидди Сурия нерӯҳои ифротгаро ва террористҳоро аз кишварҳои мухталиф ҷазб ва барои барандозии ҳукумати Сурия ба ин кишвар эъзом карданд, токунун ҳудуди панҷ ҳазор нафар аз 15 ҷумҳурии Шӯравии собиқ ба ин гурӯҳҳо дар Сурия ва Ироқ пайвастаанд .