Ноябр 05, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Хадамоти амнияти миллии Узбакистон аз интиқоли 20 ҳазор доллари қалбакӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард
    Хадамоти амнияти миллии Узбакистон аз интиқоли 20 ҳазор доллари қалбакӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард

Кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбекистон бо тавқифи як мошини ду табааи ин кишвар аз интиқоли 20 ҳазор доллари қалбакӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ, ду шаҳрванди 38 солаи Ӯзбекистон, ки бо ҷосозии 20 ҳазор доллари қалбакӣ дар сақфи мошинашон қасди интихоли ин маблағ ба Тоҷикистонро доштанд дар роҳ ба сӯи марзи Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Онҳо дар бозҷӯиҳои аввалин эътироф кардаакнд, ки ин миқдор доллари қалбакиро аз Қирғизистон ба маблағи 8 ҳазор доллар харидорӣ карда ва мехостанд дар Тоҷикистон ба маблағи 10 ҳазор доллар ба фурӯш расонанд.

Ба далели камёб шудани доллар дар Тоҷикистон ба назар мерасад, ки афроде дар пайи баҳрабардорӣ аз ин шароит мебошанд.

Ба гуфтаи кормандони Хадамоти Амнияти Миллии Ӯзбекистон акнун алайҳи ин ду нафар ба иттиҳоми талош барои анҷоми муомилоти арзӣ бо долларҳои қалбакӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Бештар бихонед:

Барчасп