Рафъи мавонеи тиҷорӣ - меҳвари дидори мақомоти баландпояи Ӯзбакистон ва Қирғизистон
(last modified Fri, 06 Nov 2020 15:14:44 GMT )
Ноябр 06, 2020 20:14 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти ҳамкориҳои Узбакистон ва Қирғизистон
    Тақвияти ҳамкориҳои Узбакистон ва Қирғизистон

Мақомоти баландпояи Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар бораи рафъи мавонеи мавҷуд бар сари роҳи афзоиши мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар ба тавофуқ расиданд.

Ба гузориши “Форс”, Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Ӯзбакистон бо Руслан Қазоқ‌боев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон дидор ва бар аҳамияти иҷрои пайгиронаи тамоми тавофуқоти қаблӣ дар таҳкими беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил бо Қирғизистон таъкид кард.

Тарафайн ҳамчунин чигунагӣ ва чашмандози густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлунақлӣ – лаҷистикӣ, фарҳангӣ ва ҳамчунин рафъи паёмадҳои манфии пандемӣ бар равобити дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Мубодилоти бозаргонӣ байни Ӯзбакистон ва Қирғизистон дар соли 2019 мелодӣ ба 500 миллион доллар расидааст. Қирғизистон истиқлоли Ӯзбакистонро дар торихи 29 сентябри соли 1992 мелодӣ ба расмияти шинохтаву дар торихи 16 феврали соли 1993 мелодӣ байни ин ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор шудааст.