Ду бор фуруди изтирории ҳавопаймоҳои Қазоқистон дар як ҳафта
(last modified Mon, 16 Nov 2020 15:07:04 GMT )
Ноябр 16, 2020 20:07 Asia/Dushanbe
  • Аз кор афтодани сомонаи ҳавотозакуни дохилӣ иллати фуруди ин ҳавопаймо будааст
    Аз кор афтодани сомонаи ҳавотозакуни дохилӣ иллати фуруди ин ҳавопаймо будааст

Як фарванд ҳавопаймои мусофирбарии Қазоқистон ба иллати нақзи фаннӣ фуруди изтирорӣ кард.

  • Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, як фарванд ҳавопаймои мусофирбарии Қазоқистон, ки субҳи имрӯз - душанбе аз шаҳри Атирау ба мақсади Алмаато дар парвоз буд, ба иллати аз кор афтодани сомонаи ҳавотозакуни дохили ҳавопаймо маҷбур ба бозгашт ба мабдаъ ва фуруди изтирорӣ шуд.

Чанд рӯз пеш ҳам як ҳавопаймои мусофирбарии Қазоқистон ҳангоми парвоз бо дастаи ғозҳову мурғобиҳо бархурд карду ба иллати вуруди парандагон ба дохили мотори ҳавопаймо, халабон маҷбур ба бозгашту фуруди изтирорӣ шуд.

 

Бештар бихонед:

Суқути ҳавопаймо дар Украина бо 25 кушта+ гузориши видеоӣ

150 муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Қазоқистон бозгаштанд

Бозгардондани 182 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон бо парвози вижа