Ноябр 20, 2020 20:56 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Қирғизистон рӯзи панҷшанбе вориди Душанбе шуд
    Вазири хориҷаи Қирғизистон рӯзи панҷшанбе вориди Душанбе шуд

Руслан Қазоқбоев, вазири хориҷаи Қирғизистон дар сафари корӣ ба Душанбе бо Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор ва барномаи ҳамкорӣ байни вазоратхонаҳои умури хориҷаи ду кишварро барои солҳои 2021-2022 имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Қазоқбоев ва Муҳриддин дар ин дидор зимни баррасии чашмандози тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, энержӣ, об ва башардӯстона тавофуқ карданд дар чорчӯби камиссиюни байнидавлатӣ фаъолияти худро афзоиш диҳанд ва гузорише барои ҳафдаҳумини нишасти камиссиюни байнидавлатӣ дар соли 2021 дар Бишкек ироа диҳанд.

Вазири хориҷаи Тоҷикистон пешниҳод кард, ба манзури тавсеаи ҳамкориҳои ҳамл нақлӣ байни ду кишвар, дар ояндаи наздик байни намояндагони созмонҳои ҳавопаймоии ду кишвар ба сурати онлайн ройзанӣ шавад.

Талош барои ҳифзи субот дар манотиқи марзӣ, ҳаллу фасли мусолиматомези ихтилофоти марзӣ ва имзои асноди дуҷониба, шитоббахшӣ ба раванди таъйини марзи муштарак ва идомаи ҷаласоти  коргурӯҳҳои намояндагиҳои давлатии ду кишвар дар ин замина аз таъкидоти вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ин дидор буд.

Ду тараф ҳамчунин бо таъйиди пойин будани шохисҳои тиҷорат байни Душанбеву Бишкек, бар лузуми иқдомоти фаврӣ ва воқеӣ барои маҳори қочоқ ва тақвияти равобити тиҷории дуҷониба таъкид карданд.

Руслан Қазоқбоев, вазири хориҷаи Қирғизистон рӯзи панҷшанбе барои дидор бо мақомоти кишвари Тоҷикистон вориди Душанбе шуд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп