Декабр 26, 2020 15:35 Asia/Dushanbe
  • Як низомии Нидерланд куштори амдии ғайринизомиёни афғон ба дасти низомиёни кишварашро фош кард
    Як низомии Нидерланд куштори амдии ғайринизомиёни афғон ба дасти низомиёни кишварашро фош кард

Дар ҳоле, ки ҳудӯди як моҳ аз интишори гузориши ҷиноёти низомиёни австралиёӣ дар Афғонистон мегузарад, як низомии собиқи Нидерланд куштори амди(қасдона)-и ғайринизомиёни афғон ба дасти низомиёни кишварашро дар соли 2017 фош кард.

Ба гузориши хабаргузории Анатолия, Servie Holzken, куҳнасарбози ҳолландӣ дар ин бора ба рӯзномаи маҳаллии «Tru» гуфт, ки нерӯҳои кишвараш ҳангоми тирандозӣ ба ду хона дар вилояти Урузгон дар маркази Афғонистон дар соли 2017 ғайринизомиёнро кушт‌аанд.

Servie Holzken изофа кард, онҳо хонаҳоеро ҳадаф қарор доданд, ки фикр мекарданд мутаъаллиқ ба шибҳи низомиёни Толибон аст ва ҳангоме, ки мардум шурӯ ба фирор аз хонаҳо мекарданд, низомиён бо дастури мақомоти аршад ба сӯи онҳо шиллик мекарданд дар ҳоле, ки ҳечкас аз сӯи хонаҳо ба онҳо шиллик намекард.

Вазорати дифои Нидерланд дар вокуниш ба ин ифшогарӣ эълом кард, ки аз тарҳи ин иддаоҳо ба шиддат шока шудааст ва таҳқиқот муқаддамотеро оғоз хоҳад кард.

Низомиёни австралиёӣ бо мардуми Афғонистон чӣ карданд?

Моҳи гузаштаи милодӣ низ гузорише аз ҷароими ҷангии низомиёни Австралия дар Афғонистон мунташир шуд, ки нишон медод низомиёни австралиёӣ, ки дар солҳои 2005 то 2016 дар Афғонистон ҳузур доштаанд 39 ғайринизомии афғонистониро куштаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки низомиёни австралиёӣ бо қарордодани силоҳ, бомб ва бесим дар канори аҷсоди ғайринизомиёни кушта шуда, талош мекарданд то бар ин ҷиноёт сарпӯш бигузоранд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп