Январ 10, 2021 20:02 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати 9,23 дарсадии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон
    Мушорикати 9,23 дарсадии интихоботи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон

То соати 12 зуҳр ба вақти маҳаллӣ дар интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ ва ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосии Қирғизистон, фақат 9,23 овоздиҳандагон иштирок карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Қирғизистон эълом кард, ки то соати 12 беш аз 329 ҳазор нафар раъйи худро ба сандуқҳо рехтанд, дар ҳоле ки теъдоди раъйдиҳандагон 3 миллиону 563 ҳазору 574 нафар унвон шудааст.

Ин гузориш афзуд, дар сатҳи манотиқи Қирғизистон болотарин мизони мушорикат дар остони «Ош » (14,11 дарсад ) ва поинтарин дар остони « Чуй» (7, 68 дарсад ) мушоҳида шуд.

Дар қонуни интихоботи Қирғизистон сатҳ ва мизони хоси мушорикати раъйдиҳандагон барои тайиди машруъияти интихобот таъин нашудааст.

Ба эътиқоди таҳлилгарон дар ҳеч як аз интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон чунин мизони поини мушорикати мардум ба чашм нахурда ва ин далели коҳиши қобили тавваҷӯҳи эътимоди мардум ба интихобот ба унвони фурсати таъини сарнавишт ва саҳм гирифтан дар мудирияти кишвар талаққӣ мешавад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп