Оё рӯзҳои пурилтиҳоб дар интизори Осиёи Марказӣ аст?
(last modified Sun, 24 Jan 2021 09:48:37 GMT )
Январ 24, 2021 14:48 Asia/Dushanbe
  • Сариев: шибҳи низомиёни Афғонистон мумкин аст, Чинро дар ҷиҳати аҳдофи Ғарб бесубот кунанд
    Сариев: шибҳи низомиёни Афғонистон мумкин аст, Чинро дар ҷиҳати аҳдофи Ғарб бесубот кунанд

Коршиноси сиёсии Қирғизистон бо ишора ба хурӯҷи номи ҷумбиши «Туркистони Шарқӣ» аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ, рӯзҳои сахт ва пурилтиҳоберо барои ояндаи Осиёи Марказӣ пешбинӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Марат Сариев, коршиноси қирғизистонии масоили сиёсӣ гуфт: “имсол мумкин аст, минтақаи Осиёи Марказӣ бо ошуфтагии ҷадди сиёсии хориҷӣ рӯбарӯ шавад”.

Вай таъкид кард, бетардид даргирӣ аз Ховари Миёна ба Осиёи Марказӣ мунтақил мешавад, бинобар ин ҳазфи номи ҷумбиши Туркистони Шарқӣ аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ мунодӣ ва оғози ларзиш ва бесуботии Осиё Марказӣ аст, зеро ин ҷумбиш метавонад дар Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва аз ҳама муҳимтар дар Шинҷон бесуботӣ эҷод кунад.

Ин коршиноси қирғиз идома дод, вурӯди Ҷо Байден ва Демократҳо метавонад, ангезае барои ба ҳоли худ гузоштани минтақаи Шинҷони Чин шавад ва бесуботӣ мумкин аст, бақияи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистонро таҳти таъсир қарор диҳад.

Сариев изофа кард, Иёлоти муттаҳида, ҷумбиши исломии Туркистони Шарқиро дар тирамоҳи соли гузашта аз гурӯҳҳои террористӣ хориҷ кард, ки ин иқдом мушобеҳи ҳазф кардани Ҳизби насионалисти албаниёӣ аз феҳристи террористҳо дар «Косово» буд, ки дуруст 6 моҳ баъд аз он корзори аҷиб дар Югославия оғоз шуд.

Вай бо ишора ба вуҷӯди теъдоди бисёри зиёди шибҳи низомӣ дар Афғонистон аз Шинҷон ва кишварҳои Осиё Марказӣ гуфт, бисёре аз онҳо дар Сурияи омӯзишҳои ҷаддии низомӣ диданд ва сипас дар ҷанӯби Афғонистон мустақар шуданд ва бисёре аз онҳо мақомҳои фармондиҳиро дар нерӯҳои вижаи шибҳи низомиён бар ӯҳда доранд ва ин гурӯҳҳо мумкин аст, талош кунанд Чинро дар ҷиҳати аҳдофи Ғарб бесуботу кунанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: