Октябр 18, 2016 18:49 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти вузарои хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ дар тошканд

Чиҳилу сеюмин Нишасти Шӯроии вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ имрӯз дар Тошканд оғоз ба кор кард.

Ба иттилои хабаргузории Форс, дар маросими оғози ин нишаст Шавкат Мирзоев, раисҷумҳури муваққати Узбакистон бо ишора ба интихоби шиори "Омӯзиш ва маориф–роҳе барои сулҳу созандагӣ" барои ин нишаст гуфт: Бо густариши ситезаҷуиҳо ва таҳдидоти гуногун дар ҷаҳони имрӯз, омӯзиш ва парвариши ҷавонони таҳсилкарда аз аҳаммияти зиёд бархурдор аст .

Мирзоев таъкид кард: Мо бояд аз арзишҳо ва фарҳанги воқеии исломӣ ҳимоят ва касонеро, ки аз ислом дар роҳи хунрезӣ ва куштори мардуми бегуноҳ истифода мекунанд, маҳкум кунем .

Раисҷумҳури муваққати Узбакистон бо ишора ба нақши муассисоти динӣ дар ин кишвар афзуд: Имрӯз дар Узбакистон 10 муассисаи омӯзиши динӣ аз ҷумла Донишгоҳи давлатии исломии Тошканд, 9 муассисаи омӯзиши мутавасситаи динӣ фаъолият мекунанд .

Суханронон дар ин нишаст бар мубориза бо терроризм таъкид ва эълом карданд: Иртиботи байни ислом ва падидаи шуми терроризм як иддаои дуруғин аст ва ислом ба унвони динии бузургу муқаддас инсонҳоро ба дӯстӣ, гузашт, сулҳу тасомуҳ даъват мекунад .

Таъкид бар ҷилавгирӣ аз табоҳ шудани ҳуқуқи фаластиниён ва зарурати фишор овардан бар режими саҳюнистӣ аз дигар меҳварҳои суханронии ҳозирон дар ин нишаст буд .