Феврал 24, 2021 18:46 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии нави Қирғизистон ба Русия рафт
    Раиси ҷумҳурии нави Қирғизистон ба Русия рафт

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар аввалин сафари расмии хориҷии худ ба Русия сафар кард.

Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар аввалин сафари расмии хориҷии худ ба Русия сафар кард.

Дар ин сафар, Ҷабборов бо Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, чашмандози тавсеаи бештари равобит ва эҷоди таомули муассир байни ду кишвар гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҳамчунин Ҷабборов дидорҳои дуҷониба бо Михаил Мишустин, нахуствазири Русия ва Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федерастсияи Русия ва Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ низ хоҳад дошт.

Интизор меравад, ҷаласае бо ҷомеаи бозаргонии Русия ва ҳамчунин бо ҳамватанону донишҷӯёни қирғизистонӣ, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, низ дошта бошад.

Дар ин сафар, Руслан Қазоқбоев, вазири умури хориҷа, Тиллобек Умаралиев, вазири дифои Қирғизистон, Олим Қодир Бешеналиев, вазири тандурустӣ ва тавсеаи иҷтимоӣ ва вазирони ҳолатҳои изтирорӣ, кишоварзӣ, манобеи обу тавсеаи минтақаӣ, нақлиёт, меъморӣ, сохтмон, иртиботот, энергетика ва саноат ва муовини нахуствазир, вазири иқтисоду дороӣ ва дигар мақомоти қирғӣз ҳузур доранд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп