Феврал 26, 2021 18:52 Asia/Dushanbe
  • Ҷабборов бо Путин дидор кард
    Ҷабборов бо Путин дидор кард

Ба гузориши “Спутник”, Ҷабборов ҳангоми мулоқот бо Путин, аз ӯ хост, ки коргарони муҳоҷири қирғизро шомили барномаи эмгузаронӣ аз корона созад.

Яке аз мавзӯъҳои аслии муҳокимаи роҳбарони ду давлат, масъалаҳои мубрами марбут ба ҳамагирии COVID-19 буд. Ҷабборов зимни ин дидор, аз раисҷумҳури Русия дархост кардааст, ки муҳоҷирони кориро шомили барномаи эмгузаронии коронавирус кунад.

Мулоқоти сарони ду кишвар чанд рӯз пеш дар Маскав баргузор шуд. Дар мусоҳиба бо "Российская газета", Ҷабборов баъзе ҷузъиёти дидораш бо Путинро ошкор кард.

Владимир Путин гуфтааст, ки Русия кумакҳои худро ба Қирғизистон дар мубориза бо вируси COVID - 19 идома медиҳад. Дар навбати худ, Ҷабборов ба муассир будани ваксинаи "Спутник V" таъкид карда, изҳор умедворӣ кардааст, ки ин ваксина ба зудӣ барои эмгузаронии умумӣ ба Қирғизистон бирасад.

Ҷабборов ҳамчунин ҳамтои русашро барои анҷоми сафари расмӣ ба Қирғизистон даъват кардааст.

Гуфта мешавад, ки Ҷабборов ба дидори Путин дасти холӣ наомада ва туҳфае ғайриоддӣ барои раисҷумҳури Русия овардааст. Ин туҳфа шамшери қирғизие будааст, ки устоҳои беҳтарини Қирғизистон омода кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Сафари раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Русия

Кумаки билоавази тиббии Русия ба Қирғизистон

Барчасп