Вокуниши мақомоти афғон ба тарҳи сулҳи нави Амрико
(last modified Mon, 08 Mar 2021 13:02:50 GMT )
Март 08, 2021 18:02 Asia/Dushanbe
  • Давлати Афғонистон таъкид кард, ки Кобул ҳаргиз таслими хостаҳои ғайриқонунии Амрико намешавад
    Давлати Афғонистон таъкид кард, ки Кобул ҳаргиз таслими хостаҳои ғайриқонунии Амрико намешавад

Тарҳи нави давлати Амрико дар бораи ташкили давлати муваққат ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон дар Афғонистон вокуниши шадиди мақомоти ин кишварро дар пай доштаву давлати Афғонистон таъкид кардааст, ки Кобул ҳаргиз таслими хостаҳои ғайриқонунии Амрико намешавад.

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт: Давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард: Вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.

 

Амруллоҳ Солеҳ: Дар муқобили сулҳи омирона меистем

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.

Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард: Мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт: Ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.

Амруллоҳ Солеҳ афзуд: Давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.

 

Тарҳи нави Амрико барои сулҳ дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.

Дар ин нома Энтони Блинкен бо лаҳне ҳушдоромез ба Ашрафғанӣ гуфтааст, ки авзоъ дар Афғонистон рӯ ба вахомат аст ва ӯ бояд бо тарҳи нави Амрико барои шитоббахшӣ ба раванди сулҳ ҳамкорӣ кунад.

 

Бештар бихонед: