Дидори вазири хориҷаи Қатар бо сарпарасти раиси давлати Толибон дар Афғонистон
Вазири хориҷаи Қатар дар сафар ба Афғонистон дар бораи масойили мухталиф аз ҷумла тероризм бо раиси давлати Толибон гуфтугӯ кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ИРНА, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ-вазири умӯри хориҷаи Қатар ва мулло Муҳаммадҳасан Охунд-раиси давлати Толибон дар бораи тероризм, бозгушоии фурудгоҳи Кобул ва оштии миллӣ дар Афғонистон гуфтугӯ карданд .
Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ ҳамчунин бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳурии асбақ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ-раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон низ ҷудогона дидор кард .
Вазири умури хориҷаи Қатар пеш аз ин таъкид карда буд, ки Толибон бояд дар заминаи мубориза бо тероризм ва таъаҳҳуд ба таъаҳҳудоташ ҳамкорӣ кунад .
Дар шароите, ки ҳукумати Афғонистон аз сӯи аксарияти кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохта нашудааст, Қатару Покистон аз шарикони аслии Толибон ва ҳомии қудрат гирифтани ин гуруҳ дар Афғонистон ҳастанд .
Бештар бихонед :
- Таъини иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Вазорати таҳсилоти олии Толибон дар Афғонистон
-
Дидори сафири Тоҷикистон бо вазири маъдан ва нафти Афғонистон