Март 20, 2021 18:04 Asia/Dushanbe
  • Шавкат Мирзиёев нахустин бор соли 2017,  2 ҳазору 700 нафарро афв кард .
    Шавкат Мирзиёев нахустин бор соли 2017, 2 ҳазору 700 нафарро афв кард .

Раиси ҷумҳӯри Узбекистон ба муносибати фаро расидани Наврӯз бо судӯри фармоне 140 маҳкум дар ин кишварро афв кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон  бинобар фармони Шавкат Мирзиёев ба муносибати ҷашни Наврӯз 140 шаҳрванд афв шуданд,ки аз ин теъдод 4 нафарашон озод шуданд,ба 69 нафар озодии шартӣ дода ва ба муҷозоти 8 нафар тахфиф дода шуд ва муддати муҷозоти 59 зиндонӣ низ коҳиш ёфт.

  12 шаҳрванди хориҷӣ, 9 зиндонии марди болои 60 сол, 13 зиндонии зан ва 14 нафар аз аъзои собиқи созмонҳои мамнӯъшуда дар миёни афвшудагон ҳастанд.

  Шавкат Мирзиёев нахустин бор соли 2017,  2 ҳазору 700 нафарро афв кард .

  Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон дар соли гузаштаи милодӣ ба муносибати ҷашни « Наврӯз » бо судӯри фармоне 44 маҳкум дар ин кишварро ҳам мавриди афв қарор дода буд .

 

      Бештар бихонед :

 

Барчасп