Март 21, 2021 16:40 Asia/Dushanbe

Ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни бостонӣ ва муштарак дар кишварҳои форсизабон имсол бо шукуҳи бештарӣ дар муқоиса бо солҳои гузашта дар Афғонистон баргузор мешавад .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Афғонистон имсол Балхро пойтахти Наврӯз эълом карда ва қарор аст вижабарномаҳое ба муносибати Наврӯз, аз ҷумла баргузории намоишгоҳҳо дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори шариф-маркази устони Балх баргузор шавад.

    Ойинҳои наврӯзӣ дар Афғонистон тақрибан шабеҳи ойинҳои наврӯзӣ дар Эрон аст .