Март 26, 2021 21:18 Asia/Dushanbe
  • Музокироти дуҷонибаи марзии Душанбе - Бишкек ба зудӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад
    Музокироти дуҷонибаи марзии Душанбе - Бишкек ба зудӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ки барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ва аломатгузории марзи муштарак бо Тоҷикистон се моҳ муҳлат таъйин шудааст.

Ба гузориши сомонаи «Аки Пресс», генерал Қамчибек Тошиев гуфтааст, ки музокироти дуҷониба ба зудӣ дар Қирғизистон баргузор мешавад ва дар муддати 3 моҳ бояд матни созшномаи ниҳоӣ бар сари аломатгузории марзи муштарак бо Тоҷикистон омода шавад.

Даври қаблии музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳаждаҳуми март пушти дарҳои баста дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба поён расид.

Ин бори нахуст буд, ки музокироти дуҷонибаи марзӣ барои расидан ба тавофуқ дар бораи аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳайатҳои сиёсӣ ба мақомоти амниятӣ вогузор шуд.

Дар пайи ду даҳа музокирот барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, то кунун фақат бар сари аломатгузории 506 километр аз марзи 976 километрии муштараки байни ду кишвар тавофуқ ҳосил шуда, вале дар ин миқдор низ ҳанӯз хати марзӣ таъйин нашудааст.

Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумлаи мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп