Октябр 22, 2016 10:27 Asia/Dushanbe
  •  Умедворӣ ҷиҳати беҳбуд ёфтани равобити Тоҷикистону Узбакистон

Аз дидгоҳи коршиноси тоҷик, афзоиши сафарҳои мақомоти Ҳукумати Тоҷикистону Узбакистон ба кишварҳои якдигар тайи як моҳи ахир, пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури қаблии Узбакистон умедҳоро барои беҳбуд ёфтани муносиботи дуҷониба бештар кардааст.

Ба гузориши сойти "Фарғона", Неъматуллоҳ Мирсаидов, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, талош барои беҳбудии равобити дуҷониба миёни Узбакистону Тоҷикистон мушоҳида мешавад, ки сафари вузарои умури хориҷии ин ду ҷумҳурӣ ва дидори ҳайати иқтисодии Узбакистон аз шимоли Тоҷикистон гӯёи ин воқеиятҳост.

Ин дар ҳоле аст, ки тайи 15 соли ахир равобити Душанбе ва Тошканд бо танишу ихтилофоти сиёсӣ ҳамроҳ буда, ин амр мӯҷиби минагузории марзи муштарак, бастани гузаргоҳҳои марзӣ, пиёда кардани низоми раводид ва мамнӯияти ҳаракати шаҳрвандону васоили нақлияи дуҷониба шудааст; ба тавре ки аз 18 гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли ҳозир танҳо 3 гузаргоҳ фаъол мебошад. Ҳамчунин мизони муомилоти тиҷорӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон дар соли 2000 наздик ба 500 миллион доллар буд, ки ин шохис дар соли 2015 ба 12 миллион доллар коҳиш ёфт.

Неъматуллоҳ Мирсаидов муътақид аст, ки шояд пас аз интихоби Шавкат Мирзёев, нахуствазир ва кафили феълии раёсатҷумҳурии Узбакистон ба мақоми риёсатҷумҳурии ин кишвар дурнамои равобити Тошканду Душанбе мушаххас шавад. Ӯ мегӯяд, Узбакистон метавонист барои нишон додани ҳусни нияташ ба манзури беҳбуд бахшидани равобит бо Тоҷикистон ба бозгушоии гузаргоҳҳои марзии миёни ду кишвар иқдом кунад, ки ин мавзӯъ заминаи ҳаракати васоили нақлия ва шаҳрвандони ин ду ҷумҳурии ҳамсояро фароҳам хоҳад кард.