Апрел 04, 2021 17:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории амниятии меҳвари дидори вазирони Қазоқистон ва Қирғизистон
    Ҳамкории амниятии меҳвари дидори вазирони Қазоқистон ва Қирғизистон

Вазирони кишвари Қазоқистон ва Қирғизистон дар Алма-Ата бо якдигар дидор ва дар мавриди

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири кишвари Қирғизистон «Улан Ниёзбеков» бо вазири кишвари Қазоқистон «Арлон Тургумбаев» дар шаҳри Алма-Ата дидор ва гуфтугӯ кард. 

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба доираи васеи масъалаҳо дар соҳаҳои гуногуни амният мубодилаи афкор карданд.

Дар ростои сафари Раиси Ҷумҳури Қирғизистон ба Қазоқистон ва тавофуқҳои анҷомшуда байни раҳбарони ду кишвар, дар заминаҳои мухталиф ниҳодҳои Вазорати кишвар ҳар дар ҳоли анҷоми иқдомоте барои беҳбуди вазъияти ҷурм дар манотиқи марзӣ ва эҷоди шароити мусоид барои тавсеаи иқтисоди байни ду кишвар ҳастанд. 

Тарафайн дар мавриди фаъолияти гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ изҳор доштанд, ки мо ҳаргоҳ дар марзҳои байни Қирғизистону Қазоқистон аъзои ин гурӯҳҳоро дастгир кардем онҳоро ба кишвари матбӯъ истирдод хоҳем кард.

Тургумбаев гуфт: Ҳамин рӯзҳо дар Алма-Ата дар натиҷаи як амалиёти муштарак,  яке аз аъзои гурӯҳи ҷиноятҳои созмонёфта боздошт шуд. Ин фард пас аз иқдомоти таҳқиқотӣ ба кишвари ҳамсоя истирдод мешавад.

 

Бештар бихонед: