Октябр 23, 2016 10:33 Asia/Dushanbe
  • Ғарб бо демократия дар Осиёи Марказӣ бозӣ мекунад

Коршиноси масоили Осиёи Марказӣ бар ин бовар аст, ки Ғарб бо мавзӯи демократия дар ин минтақа, бозӣ мекунад.

Ба гузориши сойти "Caa-network", Аркадий Дубнов бо ишора ба баргузории ҳамапурсӣ ва тағйироти қонуни асосӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва эътои лақабҳои мухталиф ба сарони ин ҷумҳуриҳо, гуфтааст, ки Ғарб ба хотири манофеъи хеш дар баробари истибдодӣ ва худкома шудани режимҳои ҳоким дар ин минтақа, сукут ихтиёр мекунад.

Ин коршинос мегуяд, ки Ғарб бо интихоботҳои суфоришӣ ва ҳадафманди ҳамроҳ бо тақалуб дар кишварҳои Осиёи Марказӣ канор меояд. Зеро метарсад, ки дар ғайри ин сурат таҳаввулоте низири ҳаводиси Миср дар соли 2011 ва рӯи коромадани гурӯҳҳое ҳамчун Ихвонулмуслимин хоҳад шуд. Ба ин далел, ки мақомоти ҳукуматӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Ғарб чунин илқо кардаанд, ки агар мо набошем ба таври қатъ гурӯҳҳои исломӣ ба қудрат хоҳанд расид, ки душмани Ғарб ва демократия мебошанд.

Аз ин рӯ, кишварҳои ғарбӣ бо таъсиси порлумонҳои таҳти кантроли ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва фаъолияти аҳзоби ҳамсӯ бо сиёсатҳои давлатҳои ин минтақа, мувофиқ мебошанд.

Аз дидгоҳи Дубнов ба далели иттихози чунин сиёсати дугона ва бозии Ғарб бо демократия дар Осиёи Марказӣ, гумон намеравад, ки дар солҳои наздик тағйир ва таҳавулоти созандае дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иттифоқ биафтад.