Октябр 24, 2016 10:38 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон дар марзи Афғонистони поёнаи нафтӣ эҷод мекунад

Туркманистон дарсадад аст, дар наздикии марзи Афғонистон, поёнаи нафтӣ роҳандозӣ кунад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, бар асоси эъломи ширкати нафту гази Туркманистон, ин кишвар дарсадад аст, дар ояндае наздик поёнаи нафтии ҷадиде бо зарфияти 540 ҳазор тонна дар наздикии марзи Афғонистон роҳандозӣ кунад .

Ин поёна ба Туркманистон иҷоза хоҳад дод, то содироти нафту маҳсулоти нафтии худро афзоиш диҳад .

Ҳамакнун бузургтарин дағдағаи ширкати давлатии нафту гази Туркманистон, итмоми фароянди сохти ин поёна дар устони Лабоби ин кишвар аст.

Дар ҳоли ҳозир сомонаи амниятӣ барои контроли фароянди вуруд, захирасозӣ ва интиқоли маҳсулоти нафтӣ дар маҳалли таъиншудаи ин поёна дар ҳоли сохт аст .

Таҷҳизоти обкашии маҳсулоти нафтӣ низ батаври комил насб шуда ва гурӯҳҳои корӣ дар ҳоли омодасозии зерсохтҳо барои иттисоли хутути роҳи оҳан ба маҳалли сохти ин поёна ҳастанд .

Ин поёна дар фазое беш аз 276 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад .

Туркманистон дар назар дорад, то зарфияти полоиши нафтии худро то соли 2020 ба бист миллион тонна афзоиш диҳад ва то соли 2030 ин мизонро ба сӣ миллион тонна бирасонад .