Апрел 22, 2021 10:15 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Истанбул барои сулҳи Афғонистон то ҳол ду бор ба далели мухолифати Толибон ба таъхир афтодааст.
    Нишасти Истанбул барои сулҳи Афғонистон то ҳол ду бор ба далели мухолифати Толибон ба таъхир афтодааст.

Гурӯҳи Толибон шартҳои худро барои ҳузур дар музокироти сулҳи Истанбули Туркия эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Тулӯъ нюзи Афғонистон, гурӯҳи Толибон шартҳои худро озодии зиндониён ва хориҷ шудани номи раҳбарони ин гурӯҳ аз феҳристи сиёҳи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард.

Толибон пештар низ эълом карда буд то замоне, ки низомиёни амрикоӣ ва дигар низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон хориҷ нашаванд, дар ҳеч музокироти сулҳе ширкат намекунанд.

 

Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфтааст: "Расидан ба сулҳ бо ҳузури хориҷиҳо дар Афғонистон имконпазир нест ва ба ҳамин далел Толибон нишасти Истамбули Туркияро таҳрим кардааст."

Муҳаммадумар Довудзӣ, намояндаи вижаи Раёсати Ҷумҳурии Афғонистон дар умури Покистон ҳам бо ишора ба шартҳои Толибон гуфт: "Озодии ҳафт ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибон бояд ба қабули оташбас аз тарафи ин гурӯҳ машрут шавад."

Нишасти музокироти сулҳи Афғонистон байни байни давлати Кобул ва гурӯҳи Толибон ба манзури поёни ҷанг ва даргирӣ даргирӣ қарор буд 24 апрел дар Истанбул баргузор шавад. Аммо нишаст ба иллати ширкат накардани Толибон ду бор ба таъхир афтодааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп