Дараи Фарғона мусалласе барои дӯстӣ ва бародарии мардуми Осиёи Марказӣ
Нишасти ҳамгароии манотиқи марзӣ - замонати тавсеа" дар шаҳри Фарғона имрӯз бо иштироки мақомоти марзии Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба гузориши хадамоти матбуотии Суғд, мақомоти аршади марзбонии Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон имрӯз дар дараи «Фарғона»-и ин кишвар бо ҳам дидор мекунанд.
Имрӯз ҳайате низ аз минтақаи «Суғд»-и Тоҷикистон ба раёсати «Раҷаббой Аҳмадзода» устондори Суғд озими Фарғона шуд.
Ин ҳайат аз Тоҷикистон қарор аст бо «Хайруллоҳ Бозоров» шаҳрдори минтақаи Фарғона ва «Омурбек Сувон Алиев» устондори минтақаи Боткан аз Қирғизистон мулоқот кунад.
Тибқи барнома қарор аст сарони манотиқи Суғд ( Тоҷикистон ), Фарғона ( Узбекистон ) ва Ботканд ( Қирғизистон ) дар ҷаласае бо унвони « ҳамгаройии манотиқи марзӣ - замонати тавсеа » ширкат кунанд.
Ҳамчунин дар ин маҷмаъ ду ҷаласаи умумӣ дар заминаи ҳамкорӣ дар саноат ва кишоварзӣ баргузор мешавад.
Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти тавлидшуда дар минтақаи Фарғона ва муҷтамаъҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзӣ аз дигар барномаҳои намояндагони Тоҷикистон дар сафар ба Фарғона аст.
Бештар бихонед: