Созишномаи марзии Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон
(last modified Sat, 24 Apr 2021 09:49:51 GMT )
Апрел 24, 2021 14:49 Asia/Dushanbe
  • Нишасти бозаргонии “Ҳамгароии манотиқи марзӣ - замонати тавсеа” дар водии Фарғонаи Узбакистон баргузор шуд
    Нишасти бозаргонии “Ҳамгароии манотиқи марзӣ - замонати тавсеа” дар водии Фарғонаи Узбакистон баргузор шуд

Мақомоти манотиқи марзии Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар чорчуби нишасти бозаргонӣ дар водии Фарғона созишномаҳои ҳамкорӣ имзо карданд.

Ба нақл аз Форс, Хайруллоҳ Бозоров, раиси вилояти Фарғонаи Узбакистон дар Нишасти бозаргонии “Ҳамгароии манотиқи марзӣ - замонати тавсеа”, ки дар дарраи Фарғона баргузор шуд, гуфт: “Умедворам, ин нишасти бозаргонӣ, ки нахустин бор бо ҳузури намояндагони вилоятҳои марзии Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон баргузор шуд, дар оянда ба як бистар барои баррасии густариши ҳамкориҳои муқобил табдил шавад”.

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд низ бо ишора ба инки Тоҷикистон барои коҳиш додани содироти пахтаи хом барномарезӣ кардааст, гуфт: “Барои соҳибкорони Фарғона фурсати густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи нассоҷӣ фароҳам мешавад”.

Умарбек Суаналиев, раиси вилояти Ботканди Қирғизистон низ бо ибрози умедворӣ дар бораи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии се кишвар гуфт: “Қирғизистон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёст ва ин амр барои тиҷорати вилоятҳои Фарғона ва Суғд имконоти хуберо фароҳам мекунад”.  

Дар поёни нишаст Бозоров ва Аҳмадзода нақшаи роҳи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии байни вилоятҳои Фарғонаи Узбакистон ва Суғди Тоҷикистонро имзо карданд.

Намояндагони Қирғизистону Тоҷикистон дар чорчуби Нишасти бозаргонии “Ҳамгароии манотиқи марзӣ - замонати тавсеа”, ҳамчунин аз намоишгоҳи колоҳои тавлиди вилояти Фарғона боздид ва бо фаъолияти муҷтамаъҳои бузурги санъатӣ ва кишоварзии минтақа ошно шуданд.

Бештар бихонед: