Апрел 29, 2021 17:53 Asia/Dushanbe
  • Мухтор Талибердӣ-вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Жан Лудрён-вазири умӯри хориҷаи Фаронса дар тамоси телефонӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
    Мухтор Талибердӣ-вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Жан Лудрён-вазири умӯри хориҷаи Фаронса дар тамоси телефонӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Вазирони умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Фаронса дар тамоси телефонӣ зимни баррасии масоили байналмиллалӣ бар тавсеъаи иқтисодӣ дар Афғонистон таъкид карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мухтор Талибердӣ-вазири умӯри хориҷаи Қазоқистон ва Жан Лудрён-вазири умӯри хориҷаи Фаронса дар тамоси телефонӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

    Тарафҳо дар ин тамоси телефонӣ вазъияти кунунӣ ва чашмандози ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ ва иқтисодиро баррасӣ ва ташдиди равобит байни доираҳои давлатӣ ва тиҷории ду кишвар ишора карданд.

    Сарони ниҳодҳои дипломатии ду кишвар аз баргузории чаҳордаҳумини ҷаласаи Комиссиюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Порис  ва ҳамчунин сафари ҳайати Вазорати хориҷаи Фаронса дар моҳи маи соли ҷорӣ ва имзои нақшаи роҳи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ то соли 2030 истиқбол карданд .

    Илова бар ин зимни баррасии масоили байналмиллалӣ ба тавсеъаи авзоъ  дар Афғонистон тавваҷуҳи вижа шуд .

  Ширкатҳои фаронсавӣ аз бузургтарин сармоягузорон дар иқтисоди Қазоқистон ҳастанд, арзиши сармоягузории онҳо дар иқтисоди Қазоқистон аз соли 2005 то 2020 дар ҳадди  16 . 6 миллиард доллар баровард шудааст .  Мизони тиҷорати мутақобил байни Қазоқистону Фаронса дар соли 2020 милодӣ 2 . 8 миллиард долларро ташкил дода, ки 1 . 8 миллиард доллар аз он содироти маҳсӯлоти қазоқӣ ва 1 миллиард доллари боқимонда ба воридоти колоҳои фаронсавӣ муртабит аст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп