Инфиҷор дар намози ҷумъаи Кобул 12 кушта барҷой гузошт
(last modified Fri, 14 May 2021 11:25:01 GMT )
Май 14, 2021 16:25 Asia/Dushanbe
  • Фарде ё гурӯҳе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст
    Фарде ё гурӯҳе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст

Полиси Кобул эълом кард, ки дар натиҷаи таркиш дар масҷиди шаҳри Шакардара 12 нафар, аз ҷумла пешвои намози ҷумъа, кушта ва беш аз 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, полиси Кобул эълом кард: Ин инфиҷор  зуҳри имрӯз ( ҷумъа ) ҳангоми барпои  намози ҷумъа дар масҷиди «Ҳоҷии Бахшӣ » дар минтақаи қалъаи Муродбеки шаҳристони Шакардара рух додааст. 

Сухангӯи  полиси Кобул «Фирдавси Фаромарз» дар ин бора гуфт: Дар ин инфиҷор имоми ҷумъаи масҷид « муфтӣ Нӯъмон » бо 11 намозргузор кушта шудааст ва беш аз 15 намозгузори дигар захмӣ шуданд.

Ин инфиҷор дар дувумин рӯзи оташбасе, ки аз сӯи  Толибон ба муносибати иди Саиди Фитр эълом шуда рух додааст. 

Масъулияти инфиҷорро токунун фард ва ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст. 

  
  Бештар бихонед: