Амрико пойгоҳи низомиашро дар Қандаҳор ба артиши Афғонистон вогузор кард
(last modified Fri, 14 May 2021 11:43:10 GMT )
Май 14, 2021 16:43 Asia/Dushanbe
  • Иёлоти Муттаҳида то 11 сентябр тамоми нирӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад
    Иёлоти Муттаҳида то 11 сентябр тамоми нирӯҳояшро аз Афғонистон хориҷ мекунад

Ҳамзамон бо эъломи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, Амрико бузургтарин пойгоҳи худро дар ҷануби ин кишвар тахлия кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, мақомоти низомии Амрико эълом карданд, ки пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор ба нерӯҳои низомии Афғонистон вогузор шуд ва низомиёни Амрико аз ин пойгоҳ хориҷ шуданд.

Пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон  яке аз бузургтарин маҳалҳои истиқрори низомиён амрикоӣ буда ва дар замони авҷи ҷанг бо Толибон  26 ҳазор низомии хориҷӣ ва амрикоӣ дар ин пойгоҳ мустақар будаанд.

Аз соли 2014 низ пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор ба маркази аслии мушовира ва омӯзиши низомиёни афғон дар минтақаи ҷануби ин кишвар табдил шуда буд. 

Дар моҳи гузашта ва пас аз эъломи хуруҷи низомиёни хориҷӣ, пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор  ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасид. 

Амрико то 11 сентябр ҳамаи низомиёнашро аз Афғонистон хориҷ хоҳад кард. 

Аз соли 2001 токунун 2300 низомии амрикоӣ дар ҷанги Афғонистон  кушта ва 20 ҳазор нафар низ дар ин муддат захмӣ шуданд ва ҳамчунин аз соли 2009 беш аз 100 ҳазор шаҳрванди афғон дар тӯлонитарин ҷанги Амрико  кушта ва захмӣ шуданд.

 

Бештар бихонед: