Октябр 25, 2016 20:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи густариши ваҳҳобият дар Осиёи Марказӣ

Яке аз раҳбарони динии Қирғизистон дар мавриди паёмадҳои интишори густардаи афкори ифротии ваҳҳобият дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод.

Ба иттилои Ирно, Қодир Маликов, ки дар нуҳумин Ҳамоиши Маҷмаи ҷаҳонии Бедории исломӣ дар Бағдод ширкат карда буд, таъкид кард, пас аз тавофуқномаҳои гардишгарӣ, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Қирғизистон бо кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс бавижа Арабистони Саудӣ имзо кардаанд, афкори ваҳҳобият таҳти пушиши гардишгарӣ ва ҷаҳонгардӣ ба суръат дар панҷ кишвари Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар ҳоли интишор аст .

Қодир Маликов афзуд, бар асоси баровардҳо ҳамакнун сад талабаи улуми динӣ аз кишвари камҷамъияти Қирғизистон дар мадориси динии Арабистон машғули таҳсилу фарогирии афкори мунҳарифи ваҳҳобият ҳастанд, ки метавонад паёмади хатарноке барои амнияти минтақа ба ҳамроҳ дошта бошад .

Ҳимояти Арабистон аз гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ, Сурия ва Яман беш аз пеш мусалмонони минтақаро дар мавриди густариши тафаккури фирқагаро ва террористпарвари ваҳҳобият нигарон кардааст .