Июн 04, 2021 20:02 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли муҳокимаи раисони ҷумҳурии собиқи Қирғизистон

Раиси идораи амнияти миллии Қирғизистон гуфт: Эҳтимол дорад руасои ҷумҳурии собиқ низ ба далели фасоди молӣ дар тарҳи истихроҷи тилло аз кони “Кумтор” муҳокима шаванд.

Қамчибек Тошиев, раиси идораи амнияти миллии Қирғизистон дар ҷамъи хабарнигорон дар робита бо парвандаи фасод дар иҷрои пружаи кони тиллои “Кумтор” гуфт: Ба унвони бахше аз таҳқиқот дар мавриди парвандаи ҷиноии “Кумтор”, раисони ҷумҳурии собиқи Қирғизистон мумкин аст муҳокимаи қазоӣ шаванд.

Вай афзуд: Ҳеч таъқиби сиёсӣ дар чорчӯби парвандаи ҷиноии “Кумтор” вуҷӯд надорад, вале мо муваззафем ҳамаи афродеро ки дар ин мавзуъ даст доштаанд, ба додгоҳ таҳвил диҳем.

Тошиев гуфт: Ҳатто бархе аз раисони ҷумҳурии собиқро низ барои ҳузур дар додгоҳ даъват мекунем.

Раиси идораи амнияти миллии Қирғизистон дар Ҷалолобод афзуд: Тайи 25 соли гузашта мақомот дар масъалаи “Кумтор” арӯсакгардонӣ шудаанд, аммо акнун ин иттифоқ нахоҳад афтод.

Вай афзуд: Давлати феълӣ ба раёсати Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳурии Қирғизистон, дастнишондаву арӯсак дар дасти “Кумтор” ва кулоҳбардорону мақомоти фосид нахоҳад буд.

Дар ҳамин росто, Омурбек Бабанов, нахуствазири собиқи ин кишвар барои ду моҳ боздошт шуд.

 

Бештар бихонед: