Июн 09, 2021 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои дуҷониба, меҳвари ройзании мақомоти Узбакистон ва Чин

Нахуствазири Узбакистон ва Чин дар нишасти видеои густариш беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Узбакистон ва Ли Кетсян, нахуствазири Чин дар нишасти видеоӣ густариши беш аз пеши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Тарафайн дар ин нишасти видеоӣ, дастури кори дуҷониба дар мавриди натоиҷи гуфтугӯи телефонии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон бо Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чинро баррасӣ карданд.

Таъкид шуд, ки ин дидори маҷозӣ як гоми мантиқӣ дар иҷрои муассири тавофуқоти раисони ҷумҳур, дар таъмиқи беш аз пеши ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни ду кишвар аст.

Тарафайн дар ин ройзанӣ шарокати ҳамаҷонибаи Узбекистон ва Чин дар густариши ҳамкориҳои мутақобили амалӣ дар заминаҳои бозаргонӣ, сармоягузорӣ, ҳамлунақлӣ ва транзитиро баррасӣ карданд .

Нахуствазири Узбакистон аз мақомоти Чин барои ирсоли кумаки башардӯстона ва ҳамчунин эъзоми пизишкони ботаҷриба барои ҳимоят аз мубориза бо густариши Ковид - 19 қадрдонӣ кард.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Чин дар соли 2020 мелодӣ 6 миллиарду 400 миллион доллар будааст.

Ҳамакнун дар Узбакистон 700 ширкат бо сармояи сармоягузорони чинӣ дар заминаҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар фаъолият мекунанд.

 

Бештар бихонед: