Ифтитоҳи маркази намоишгоҳи доими Узбекистон дар шаҳри Душанбе
Маркази маркази намоишгоҳи доими Узбекистон дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ин намоишгоҳ ба масоҳати 600 метри мураббаъ, маҳалли арзаи масолеҳи сохтмонӣ, либос ва кафш, мебел, таҷҳизоти электроникӣ ва анвоъи порча аст.
Вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон эълом кардааст, ки дар ин намоишгоҳ заминаи имзои қарордодҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахшҳои таъсиси корхонаҳои муштарак ва марказҳои фароварии маҳсулот бар асоси зарфияти маводи аввалия ва тақозои бозори дохилии ин кишвар вуҷуд дорад. Инчунин, бо дархости тоҷирони тоҷик, намоишгоҳ имкони гирифтани фармоиш ва интиқоли маҳсулоти мавриди ниёзи ҷониби Тоҷикистон аз Узбакистонро фароҳам шудааст.
Мақомоти вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон эълом кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон аз маҳсулоти сохти Узбекистон ба далели кайфияти боло ва қимати муносиб, зиёд истиқбол мекунанд.
Мубодилоти бозаргонии ду кишвар дар соли 2020 милодӣ ҳудуди 500 миллион доллар буд. Ҳамакнун дар Узбекистон 24 ширкат бо сармоягузории тоҷикон ва дар Тоҷикистон низ 9 ширкат бо сармоягузории Узбекистон фаъолият мекунанд .Мақомоти ду кишвар эълом кардаанд, ки муомилоти тиҷории дуҷонибаро ба 1 миллиард доллар дар сол хоҳанд расонд.
Бештар бихонед: