Серақамӣ шудани талафоти корона дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i68944-Серақамӣ_шудани_талафоти_корона_дар_Афғонистон
Барои нахустин бор теъдоди фавтиҳои корона дар шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон ба беш аз сад нафар расид .
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июн 17, 2021 19:59 Asia/Dushanbe
  • Серақамӣ шудани талафоти корона дар Афғонистон

Барои нахустин бор теъдоди фавтиҳои корона дар шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон ба беш аз сад нафар расид .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Вазорати беҳдошту дармони Афғонистон эълом кард : Дар 24 гузашта  шумори ҷонбохтгони вируси корона дар ин кишвар  ба 101 нафар ва мубталоён низ ба 2 ҳазору 313 нафар расидааст .
Бар асоси ин гузориш бо сабти беш аз сад фавтӣ бар асари вируси коронаву шиносоӣ беш аз 2 ҳазору 300 коронаӣ дар шабонарӯзи гузашта дар Афғонистон рекорди нави дар ин кишвар ба сабт расидааст .
Вазорати беҳдошту дармони Афғонистон эълом кардааст, мизони ибтило ва фавтиҳои бархоста аз корона то ҳафтаҳои оянда ҳамчунон боло хоҳад буд . Афғонистон ҳам акнун дар авҷи густариши мавҷи сеюми корона қарор дорад, аммо бо вуҷуди афзоиши маҳдудиятҳои коронаӣ  мардуми ин кишвар ҳамчунон ба нукоти беҳдоштии камтаваҷҷуҳе мекунанд .



Бештар бихонед :