Рутбаи кишварҳои Осиёи марказӣ дар шохиси сулҳдӯстии ҷаҳонӣ
Дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ, Қазоқистон бо рутбаи 67 болотарин мақом ва Туркманистон бо рутбаи 109 дар пойинтарин шохиси ҷаҳонии сулҳ қарор доранд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ, Қазоқистон бо рутбаи 67 болотарин мақом пас аз он Қирғизистон дар рутбаи 76,Узбекистон рутбаи 90, Тоҷикистон рутбаи 97 ва Туркманистон дар рутбаи 109 ва Русия низ дар рутбаи 154 қарор дорад. Дар ин гузориш ишора шудааст, ки саронаи воридоти аслиҳа дар 92 кишвар афзоиш ёфта ки бештарини афзоиш дар Арманистон ва Туркманистону Қатар иттифоқ афтодааст.
Тибқи ин гузориш, дар соли 2019 милодӣ, Гурӯҳи тадқиқотии Bellingcat дарёфт, ки Италия ба Туркманистон ба маблағи садҳо миллион евро силоҳ мефурӯшад. Бо ин вуҷуд, Туркманистон камтарин мизони хушунат дар ҷаҳонро дорад ва шохиси он танҳо як дарсад аст.
Афғонистон танҳо кишвари дорои режим истибдодӣ аст ки дар он сатҳи хушунат аз 50 дарсад низ фаротар рафтааст.
Индекси умумиҷаҳонии сулҳ 23 нишондиҳандаи миқдорӣ ва сифатиро дар бар мегирад ва сатҳи амнияти ҳаёт дар кишварҳо ва минтақаҳоро муайян мекунад.
Бештар бихонед: