Сафари раиси вилояти Суғди Тоҷикистон ба Тошканди Узбакистон
Раиси вилояти Суғд аз шаҳри Тошканди Узбакистон боздид кард.
Ба гузориши “Ховар”, Раҷаббой Аҳмадзодаро дар ин сафар теъдоде аз масъулони манотиқ ва навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Зафаробод, Спитамен ва корофаринону тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар аввалин рӯзи боздид, Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳон аз теъдоде гулхонаву заминҳои кишоварзии Тошканд боздид карданд.
Боздид аз марокизу коргоҳҳои саноатӣ аз дигар барномаҳои сафари гурӯҳи тоҷикистонӣ ба Тошканди Узбакистон буд.
Дар ин сафар Раҷаббой Аҳмдзода бо Сардор Умурзоқов, муовини нахуствазири Узбакистон низ дидор кард.
Дар ин гуфтугӯҳо тарафайн аз густариши равобити дӯстона байни ду кишвар ва миллат ибрози хурсандӣ карданд.
Онҳо таъкид карданд, ки равобити ду кишвар дар болотарин сатҳ қарор дорад.
Раиси вилояти Суғд ҳамчунин бо Ҷамшед Хоҷаев, вазири кишоварзии Узбакистон ҳам мулоқот кард.
Бештар бихонед:
- Баҳрабардорӣ аз тарҳҳои умронӣ ва хадамотӣ бо ҳузури раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд
- Кумаки 132 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ барои бозсозии роҳҳои Суғду Бадахшон