Тадобири амниятӣ дар Бишкек
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i6973-Тадобири_амниятӣ_дар_Бишкек
Қирғизистон эълом кард, тадобири амниятиро дар остонаи баргузории иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Бишкек, ташдид кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 31, 2016 15:23 Asia/Dushanbe
  • Тадобири амниятӣ дар Бишкек

Қирғизистон эълом кард, тадобири амниятиро дар остонаи баргузории иҷлоси сарони Созмони ҳамкории Шонгҳой дар Бишкек, ташдид кардааст.

    Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Эркин Боев- раиси бахши неруҳои пулиси гашти Вазорати дохилии Қирғизистон эълом кард, дар остонаи нишасти 3-уми ноябри сарони Созмон ҳамкории Шонгҳой, тадобири амниятӣ бо ҳадафи ҳифозат аз манотиқи наздик ба маҳалли ҳузур ва иқомати мақомоти хориҷӣ, масирҳои тараддуди онҳо ва ҳамчунин маҳалли баргузории нишастҳо афзоиш ёфтааст.

  Вай афзуд, маъмурони пулис бар тараддуди ҳамаи худравҳое, ки вориди пойтахти Қирғизистон мешаванд, назорат ва ҳудуди се ҳазор нерӯи пулис тадобири амниятӣ ва назми умумиро ҳифз хоҳанд кард.

  Вазорати дохилии Қирғизистон пештар эълом карда буд, силоҳҳои сокинони маҳаллӣ низ дар остонаи баргузории ин нишаст ба таври муваққат забт шудааст.

  Гулкоир Болбоева, намояндаи Вазорати хориҷаи Қирғизистон ва мудири баргузории нишасти Созмони Шонгҳой дар Бишкек низ гуфтааст, дар нишасти сеюми ноябр, 10 санади ҳамкорӣ  бо ҳузури нахуствазирони кишварҳои узви Созмони Шонгҳой ба имзо хоҳад расид.