Ҳушдори бомбгузорӣ фурудгоҳи Қирғизистонро тахлия кард
Октябр 31, 2016 20:48 Asia/Dushanbe
Фурудгоҳи Манаси Қирғизистон дар пайи дарёфти ҳушдор дар бораи бомбгузорӣ, аз мусофир тахлия шуд.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, мақомоти фурудгоҳи Манас ҳушдор дар бораи вуҷуди бомб дар дохили яке аз ҳавопаймоҳо дар ин фурудгоҳ дарёфт карданд, ки ба думболи он, фурудгоҳ аз мусофир тахлия шуд ва нерӯҳои амниятӣ таҳқиқоти худро оғоз карданд.
Ин дар ҳолест, ки дар остонаи баргузории иҷлоси нахуствазирони Созмони ҳамкории Шонгҳой, тадобири амниятӣ дар Бишкек ташдид шудааст.
Нишасти нахуствазирони Созмони ҳамкории Шонгҳой қарор аст, дар сеюми ноябр дар пойтахти Қирғизистон баргузор шавад.