Таомули созмонҳои мазҳабӣ - меҳвари дидори мақомоти Узбакистону Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i70398-Таомули_созмонҳои_мазҳабӣ_меҳвари_дидори_мақомоти_Узбакистону_Қирғизистон
Муфтии Қирғизистон дар сафар ба ҷануби ин кишвар бо мақомоти Ӯш ва қозӣ дидор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 12, 2021 18:11 Asia/Dushanbe
  • Таомули созмонҳои мазҳабӣ - меҳвари дидори мақомоти Узбакистону Қирғизистон

Муфтии Қирғизистон дар сафар ба ҷануби ин кишвар бо мақомоти Ӯш ва қозӣ дидор кард.

Тиллобек Сорибоев, шаҳрдори шаҳри Ӯш бо муфтии Қирғизистон дидор кард.

Дар ин дидор Нуриддин Қозӣ Холиқназаров, қозии шаҳри Тошканд дар Узбакистон, Абдуллоҳ Ҳоҷӣ Сорибоев, қозии шаҳри Ӯш ва қозии манотиқи сегонаи ҷанубии кишвар, Муҳаммаднабӣ Орзиқулов, мушовири муфтӣ ва Исобек Мирзобеков, раиси кумитаи умури динӣ низ ҳузур доштанд.

Дар ин ҷаласа тарафайн дар мавриди таомули ташаккулҳои мазҳабӣ бо органҳои иёлатӣ ва шаҳрдорӣ дар шаҳри Ӯш баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин ба унвони бахше аз сафар ба минтақаи ҷанубии Қирғизистон, Замир қорӣ Рокиев, муфтии Қирғизистон бо фаъолиятҳои муассисоти омӯзишии динӣ дар ҷануби кишвар ошно ва бо масъулин ва коркунони ҳавзаи дин дидор кард.