Июл 12, 2021 21:06 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири умури хориҷаи Узбакистон ба Душанбе

Вазири умури хориҷаи Узбакистон барои ҳузур дар нишасти давраии Шӯрои вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши “Форс”, Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷаи Узбакистон барои ҳузур дар нишасти давраии Шӯрои вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви СҲШ 13 июл ба Тоҷикистон сафар мекунад.

Қарор аст ширкаткунандагон дар ин нишаст дар мавриди кумаки СҲШ ба раванди ҳаллу фасли сиёсии авзои Афғонистон табодули назар кунанд.

Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки 15 июни соли 2001 мелодӣ дар Шанхайи Чин бо талоши мақомоти Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия ва Узбакистон таъсис шуд.

Дар нишасти ин созмон, ки 8 ва 9 июни соли 2017 мелодӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, Ҳиндустону Покистон низ дар Созмони Ҳамкории Шанхай узв шуданд.

Акнун Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Туркия, Сриланка, Арманистон, Озарбойҷон, Непал ва Камбоҷа шарикони ин созмон маҳсуб мешаванд.