Июл 13, 2021 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури мақомоти Иттиҳодия Аврупо дар нишасти «Осиёи Марказӣ  ва Ҷанубӣ»

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар нишасти байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ба ҳам пайвастагии минтақаӣ, таҳдидоту имконот» дар шаҳри Тошканд ширкат мекунад.

Шерзод Асадов, муовини раиси дафтари раисиҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, Ҷозеф Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар нишасти байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, баҳам пайвастагии минтақаӣ, таҳдидот ва имконот», ки 15 ва 16 июл дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад, ширкат мекунанд.

Илова бар ин, рӯзи шанбе вазорати умури хориҷаи Амрико Амрико эълом кард, ки Залмай Халилзод, намояндаи вижаи вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Афғонистон низ дар ин нишаст ширкат хоҳад кард.

Теъдоди ширкаткунандагон дар ин нишасти байналмилалӣ ҳудуди 600 нафар хоҳад буд.

Антониу Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар ин нишаст ба сурати видеоконфронсӣ ҳузур дорад.

Асадов изҳор кард, нишасти байни алмилалӣ нишасти байналмилалии «Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, баҳам пайвастагии минтақаӣ, таҳдидот ва имконот», ки ба ибтикори Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон баргузор мешавад, равобити дӯстона, қобили эътимод ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тақвият мекунад.

Шерзод Асадов хотирнишон кард, дар ин нишаст роҳҳои таомулоти минтақаӣ дар бахшҳои бозаргонӣ, равобити фарҳангӣ ва муқобила бо таҳдидот баррасӣ хоҳад шуд.

 

Барчасп