Июл 16, 2021 17:32 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахуствазири Покистон ба Узбакистон

Нахуствазири Покистон дар сафар ба Тошканд, бо раиси ҷумҳурии Узбакистон дидор кард.

Имрон Хон ва Шавкат Мирзиёев дар ин дидор 8 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Ин аснод дар бораи транзиту тиҷорат, судури раводид, омӯзиши низомӣ, табодули фарҳангӣ, гардишгарӣ ва таъсиси Шӯрои бозаргонии Узбакистон ва Покистон аст.

Дар ин дидор Мирзиёев гуфт: Арзиши ин қарордодҳои ҳамкорӣ 500 миллион доллар аст.

Раиси ҷумҳурии Узбакистон афзуд: Ду кишвар дар замининаи иқтисодӣ ва бозаргонӣ аз тавонмандии хубе бархурдор ҳастанд ва метавонанд табодулоти тиҷории худро бештар аз мизони феълӣ афзоиш диҳанд.

Вай гуфт: Покистон шарики қобили эътимод ва равобити байни ду кишвар бар асоси эҳтирому эътимоди мутақобил устувор аст.

Нахуствазири Покистон низ гуфт: Ин нахустин сафари хориҷӣ ва пас аз густариши вируси Ковид -19 аст.

Имрон Хон изҳор дошт: Ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ аз якдигар ҳимоят мекунанд.

Вай афзуд: Равобит дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Ҳамкории Исломӣ ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷониба кумак мекунад.

 

 

 

Барчасп