Июл 18, 2021 11:59 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳои Осиёи Марказӣ шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон

Муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон гуфт : Кишварҳои Осиёи марказӣ шарикони аслии тиҷории ин кишвар ҳастанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто, Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар нишасти байналмилалӣ бо номи " Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ " дар шаҳри Тошканд  додани сабукиҳои молиётӣ ва гумрукӣ ба ширкатҳое, ки байни кишварҳои Осиёи Марказӣ табодулоти тиҷорӣ анҷом медиҳандро зарурӣ донист .

Вай гуфт : Таи 5 моҳи нахусти соли ҷорӣ арзиши муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 640 миллиону 300 ҳазор доллар буда, ки 170 миллиону 700 ҳазор доллари он арзиши колоҳои содиротии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа будааст .
Муовини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон афзуд : Арзиши колоҳои воридотии Тоҷикистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дар ин муддат ба 469 миллиону 600 ҳазор доллар расид.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода  бо муҳим хондани тақвияти равобити тиҷории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити шуюъи корона хостори рафъи мушкилоти фаъолони иқтисодӣ шуд .

Бештар бихонед :

 

Барчасп