Тақвияти ҳамкории иқтисодии Қирғизистон ва Узбакистон
(last modified Tue, 20 Jul 2021 05:48:39 GMT )
Июл 20, 2021 10:48 Asia/Dushanbe
  • Вазири омӯзиш ва улуми Қирғизистон бо сафири Кореяи ҷанубӣ дар \
    Вазири омӯзиш ва улуми Қирғизистон бо сафири Кореяи ҷанубӣ дар \"Бишкек\" дидор кард.

Вазири омӯзиш ва улуми Қирғизистон бо сафири Кореяи ҷанубӣ дар "Бишкек" дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  муовини кобинаи вазирон ва вазири иқтисоду дорои Қирғизистон "Оқилбек Ҷабборов"  дар ҳошияи конфаронси байналмилалии « Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ: Ба ҳампайвастагии минтақавӣ, чолишҳо ва фурсатҳо» дар Тошканд, бо мақомоти Узбекистон дидор кард.

Ҳамчунин вай бо «Шавкат Мирзиёев» раисҷумҳури Узбекистон низ дидор кард.

Дар ин дидор бар аҳамияти таҳаққуқи тарҳҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои саноат,  энержӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва тадорукот, созмондиҳии фаъолиятҳои ширкати сармоягузории муштарак таъкид шуд.

Вай ҳамчунин бо  раиси комитети гумрук "Муродҷон Азимов", «Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев » шаҳрдори шаҳри Тошканд, «Илҳом Нурқулов » вазири тавсеъаи иқтисодӣ ва коҳиши фақр ва «Мубин Мирзоев » муовини аввали раиси комитеи умури молиётии Узбекистон ҳам гуфтугӯ кард.

Ҳадаф аз ин ҷаласот барқарории иртибот ва гуфтугӯ ва ҳамкории муассир дар ҳавзаи иқтисодӣ ва эҷоди нақшаи роҳ барои густариш ва таъмиқи ҳамкории байни ду кишвар баён шуд.

Дар ҷараёни мулоқот бо шаҳрдори Тошканд Ҷабборов бо тарроҳии минтақаи фароғатии "Тошканд Сити", ташкили нуқтаҳои ҷудокунии партовҳо, ҷамъоварӣ, ҷобаҷокунӣ, коркард ва коркарди партовҳои маишӣ ва музди меҳнат шинос шуд. Ҷонибҳо инчунин дар бораи ташрифи коршиносон барои амиқтар намудани ҳамкорӣ созишнома имзо карданд.

Бештар бихонед: