Август 02, 2021 09:48 Asia/Dushanbe
  • Таъмиқи ҳамкорӣ меҳвари дидори вазири хориҷаи Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ

Дар мулоқоти вазирони хориҷаи Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Сеул роҳҳои таъмиқ ва густариши ҳамкориҳои ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба нақл аз Форс, Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Узбакистон ва Чон Ю Ён, вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Сеул таъмиқ ва густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишварро баррасӣ карданд.

Вазирони хориҷа ҳамчунин раванди иҷрои тавофуқоти бадастомада дар нишасти видеоӣ дар сатҳи олӣ дар моҳи январи соли ҷориро низ баррасӣ карданд.

Вазирони хориҷа дар бораи пешниҳоди густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ ва сармоягузорӣ ройзанӣ карданд.

Дар ин дидор баён шуд, дар Узбакистон шуъбаҳои 5 донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ, марокизи омӯзиши ҳирфаӣ дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд, Шаҳри Сабз ва Фарғона фаъолият мекунанд.

Вазирони хориҷа ҳамчунин бархе абъоди ҳамкориҳои мутақобил дар чорчуби Созмони милали муттаҳид, созмони тиҷорати ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалиро низ баррасӣ карданд.

Вазири хориҷаи Узбакистон ҳамчунин бар ҳимояти Узбакистон аз сиёсати Кореяи Ҷанубӣ дар ҳалли сулҳомези авзоъ дар шибҳҷазираи Корея ва азсаргирии гуфтугуҳои байникореяӣ таъкид кард.

Ба навбаи худ, тарафи Кореяи Ҷанубӣ низ аз ибтикороти Узбакистон мабнӣ бар таҳкими фазои ҳусни ҳамҷаворӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои ҳамҷавор ва тарҳҳои ҳамгароӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ истиқбол кард.

Кореяи Ҷанубӣ токунун дар Узбакистон ҳудуди 10 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир 800 корхонаи Кореяи Ҷанубӣ дар бахшҳои мошинсозӣ, бозаргонӣ, саноеи химиявӣ, ғизоӣ, фулузсозӣ, дорусозӣ, ҷаҳонгардӣ, нафту газ ва хадамот дар Узбакистон фаъолият мекунанд.

Мубодилоти бозаргонии байни Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ соли 2020 як миллиарду 908 миллион доллар буд.