Ноябр 02, 2016 17:33 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоӣ шудани вазъияти 49 нуқтаи марзии байни Узбакистон ва Қирғизистон

Узбакистон ва Қирғизистон 49 нуқтаи марзии байни ду кишварро мушаххас ва ниҳоӣ карданд.

Ба гузориши Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, ҳайате аз намояндагони ин кишвар ва Қирғизистон аз таърихи 22 то 31 октябр, марзҳои манотиқеро аз шаҳрҳои Ботканд ва Уш, ки муҳиммтарин ихтилофи марзии байни ду кишвар аст, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Асноде низ байни намояндагони давлати Узбакистон ва Қирғизистон ба имзо расид.

Бар асоси ин гузориш, таърихи баъдии дидори намояндагони давлати ду кишвар барои ҳалли бақияи ҳудуди марзӣ, мушаххас нашуд, вале шавоҳид ҳокӣ аз он аст, ки ниҳоӣ шудани вазъияти ин манотиқ бо тавофуқи ду тараф ва дар муҳити самимона баргузор шуд.

Узбакистон ва Қирғизистон 2 203 километр марзи муштарак доранд.