Ҷилавгирӣ аз сохти девор дар минтақаи аломатгузоринашудаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Fri, 06 Aug 2021 16:25:48 GMT )
Август 06, 2021 21:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷилавгирӣ аз сохти девор дар минтақаи аломатгузоринашудаи марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ки аз сохти девор дар минтақаи аломатгузоринашудаи марзӣ бо Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст.

Ба гузориши “Спутник”, мақомоти ин кумита муддаӣ шуданд, гуруҳе аз тоҷикҳои деҳаи Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қасд доштанд, ки дар минтақаи аломатгузоринашудаи марзи ду кишвар дар майдони варзишии деҳаи қирғизнишин девор бисозанд, ки ин иқдом боиси таҷаммуъ ва эътирози сокинони ин русто шуд.

Ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳар навъ танишу даргирӣ мақомоти марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон вориди амал шуданд ва бо музокираи тарафҳо тасмим гирифта шуд, ки сохти ин девор мутаваққиф шавад.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо эълом карданд то аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар манотиқи мавриди ихтилоф аз ҳар сохтусозе худдорӣ хоҳад шуд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки бо гузашти наздик ба 30 сол аз истиқлоли ин ду кишвар фақат бар сари аломатгузории 520 километр тавофуқ шудааст.